БРО барои тақвияти ислоҳот дар бахши энергетикаи Тоҷикистон 105 миллион доллар ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Рушди Осиё (БРО) барномаи грантиро барои тақвияти татбиқи ислоҳоти ҷорӣ ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетика дар Тоҷикистон ба маблағи 105 миллион доллар тасдиқ кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо такя ба дафтари намояндагии БРО дар Тоҷикистон.
«Бахши энергетикии Тоҷикистон ба буҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ шудааст ва барқароршавии он ҳалли ҳамзамони идоракунии соҳа, қарз, тарифҳо, фурӯш, ҷамъоварии саривақтӣ ва талафоти системаро талаб мекунад»,-гуфт мутахассис оид ба молияи БРО дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Юки Иноуэ. «Ин барнома ба Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти калон дар соҳаи энергетика, пурра намудани лоиҳаҳои қаблии энергетикии БРО ва дигар шарикони рушд кумаки муҳим мерасонад”.
Ислоҳот тақсимоти ширкати энергетикии “Барқи Тоҷик”-ро ба се ширкати мустақил барои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ дар бар мегирад; таҷдиди сохтори уҳдадориҳои аз ҳад зиёди қарзи «Барқи Тоҷик»; ташкили танзимгари нав дар бахши энергетика; қабули методологияи тарифӣ; ва ташкили низоми нави мутамаркази назорати пули нақд байни ширкатҳои тақсимшуда. Дар доираи ислоҳот ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ, ширкати таъсисёфтаи тақсимоти неруи барқ дар асоси шартномаи панҷсола аз ҷониби ширкати мӯътабари байналмилалӣ, ки дорои таҷрибаи энергетикӣ мебошад, идора карда мешавад.
Ин барнома баҳогузории ҳисобкунии чаканаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти паст ва миёнаро дар ҳафт шаҳр: Душанбе, Бӯстон, Данғара, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Панҷакентро беҳтар месозад. Насби тақрибан 370 000 ҳисобкунакҳои муосири ба нақша гирифташуда имкон медиҳад, ки хароҷот барои ҳисобкунӣ ва ҳисоббаробаркунӣ коҳиш дода шавад, қатъгардӣ дар фаъолияти шабакаҳо коҳиш ёфта, сифати таъминот ба истеъмолкунандагон беҳтар карда шавад.
Шартномаи идоракунӣ яке аз аввалин намунаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон хоҳад буд. Барнома инчунин ба ҷараёни мубрамияти масоили гендерӣ тавассути нақшаҳои амалӣ, ки ба сиёсати гендерии корпоративӣ барои хидматҳои коммуналӣ равона карда шудаанд ва сатҳи занони номзадро барои истифодаи имконияти соҳа баланд мебардоранд, мусоидат мекунад.
Арзиши умумии барнома 145 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он Ҳукумати Тоҷикистон 15 миллион доллар ҷудо месозад ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 25 миллион доллар қарз медиҳад. Интизор меравад, ки барнома соли 2026 ба итмом расад.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






