Дар Дараи Сабзи Шаҳристон барои ҷонварон беш аз 1,5 тонна дону хошок пошида шуд

Декабрь 31, 2020 12:41

ДУШАНБЕ, 31.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз сардиҳои зимистон ҳифз намудани олами ҳайвонот ва паррандагон дар талу   теппаҳо, доманакӯҳҳо дар мавзеи Дараи Сабзи хоҷагии ҷангали Шаҳристон аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи  мазкур корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ, ки макони  сукунати ҷонварон аст, 200 кг резаи гандум, 150 кг резаи ҷав, 680 кг хошоки дағал, 120 кг сабус, 40 адад бастаи хошок, 60 кг намак, 300 кг картошка ва 200 кг карам пошида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъҳо ҳайвонҳо ба монанди хуки ёбоӣ, гург, хирс, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Тавре аз Кумитаи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иброз  доштанд,  ин тадбирҳо бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳо аз фасли зимистон андешида мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ,  ҳафтае пеш  дар мавзеи Чиларчаи ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент низ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин росто,  аз ҷониби  кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар мавзеи Чиларча 550 кг гандум, 500 кг ҷав, 350 кг биринҷреза, 150 адад бастаи хошок, 30 адад бастаи коҳ, 35 адад бастаи беда, 370 кг резаи гандум, 750 кг сабус, 200 кг намак ва 50 кг  сангнамак пошида шуд. Дар мавзеъҳои мазкур ҳайвонот, ба монанди хуки ёбоӣ, гург, хирс, бабри барфӣ, харгӯш кабк ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар мавзеъҳои дигари баландкӯҳи Панҷакент низ дар назар дошта шудааст.

Декабрь 31, 2020 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд