Дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Ба шарафи ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи мазкур сохтмони 1282 адад иншооти тайъиноти гуногун, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳои мошингузар ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 1040 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Тавре аз хадамоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҷамоат сохта шуда, лоиҳаи он аз тарафи мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» омода гардидааст. Корҳои сохтмониро бунёдкорони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «КММ-44» бар уҳда дошта, дар майдони мазкур барои истироҳату фароғати сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.
Ҳоло дар ноҳия бунёди иншооти ҷашнӣ идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон барои сари вақт ба истифода супоридани иншооти ба нақша гирифташуда тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






