Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид

Декабрь 7, 2020 13:42

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои назариявии амалисозии ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки 10 декабр дар саросари ҷаҳон  Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст.

Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон- ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар нафар мебошад. Азбаски Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ин санади байналхалқиро эътироф кардааст,  мо низ ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳои махсус ва дигар чорабиниҳои алоҳида ҷашн мегирем.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир карда шуда, дар кори он олимон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон табрик гуфта, иброз намуд, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии мамлакат ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузорад.

Мавсуф  нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.

Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Дилшод Раҳмон нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд.

Номбурда зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сарукор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

Дар охири конференсия зиёда аз 15 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва коллективӣ дар мизони соҳибихтиёрии давлатӣ; мушкилоти татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи маризон дар давраи пандемияи коронавирус – COVID-19; этикаи касбии судя ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; масъалаи паноҳгоҳ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон; таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба низоми ҳуқуқии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; нақши тарбияи ватандӯстӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон; таъмини ҳуқуқ ба саломатӣ дар партави сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон; навъҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон; танзими ҳуқуқии ҷашну маросим – тақозои ҳуқуқу манфиатҳои инсон; ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон; ҳифзи ҳуқуқи занон аз зарари маънавӣ дар низомҳои таърихӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон; ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ; ҳуқуқҳои иҷтимоии кўдакон; эҳтимоли бегуноҳӣ – принсипи таъминсозандаи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ; танзими ҳуқуқии ҳуқуқ ба меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва ғайраҳо пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми конференсияи ҷумҳуриявӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда шаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзанда хоҳад гузошт.

София Шоик,
АМИТ “Ховар”

Декабрь 7, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд