Дар Душанбе татбиқи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» -ро баррасӣ карданд

Декабрь 11, 2020 10:02

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор татбиқи «Стратегия оид ба  ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024»-ро баррасӣ карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар бораи моҳият ва зарурати татбиқи стратегияи ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон изҳори андеша кард. Ба қавли ӯ, норасоии ғизои солим яке аз мушкилоти умдаи умумиҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Ғизои ғайри солим ва сатҳи пасти фаъолияти ҷисмонии кӯдакон ва калонсолон метавонад барои саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо, инчунин сармояи инсонӣ ва рушди кишвар пайомадҳои манфӣ дошта бошад.

«Қобили зикр  аст, ки норасоии микроэлементҳои серғизо сабаби пайдоиши бисёр бемориҳое мешавад, ки пайомадҳои номатлуб доранд. Аз  ҷумла, намуди бештар паҳншудаи  норасоии микроэлементҳои серғизо камхунӣ мебошад, ки асосан бо камбуди  оҳан вобаста аст ва хавфи таваллуди кӯдаконро бо вазни кам зиёд мекунад, инчунин инкишофи ҷисмониро суст намуда,  метавонад ҳангоми таваллуд  сабаби  фавтидани 19% кӯдакон гардад», — илова намуд ӯ.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз афзалиятҳо ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Декабрь 11, 2020 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид