Дар Хуҷанд зиёда аз 500 кило маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта дарёфт ва маҳв карда шуд

Декабрь 21, 2020 11:03

 ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 кило маҳсулот, аз ҷумла хӯрокворӣ, ширинӣ, маҳсулоти шустушӯйии пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯй набударо баъди хулосаҳои судӣ санад карда, баҳри маҳв намудан ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд фиристод.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  маҳсулоти мазкур  дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва гузаронидани мониторинг дарёфт ва аз ҷониби соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидеологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади маҳвнамоӣ супорида шудааст.

Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 киллограмм маводи хӯрокии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира шуда,  дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Декабрь 21, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид