Дар Ишкошим бо охирин иштирокчии ҶБВ Сафар Сайфов видоъ намуданд

Декабрь 4, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими видоъ бо охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафар Сайфов доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ин маросим муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ВМКБ  М. Гавҳаров, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода иштирок карда, оид ба хизматҳои ин марди шуҷоъ сухан гуфтанд.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода аз хизматҳои ин шахсияти барӯманд ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки «Сафар Сайфов инсоне буд, ки тамоми неруяшро баҳри хизмат ба меҳану мардуми диёри хеш бахшида, барои озодии Ватан дар мубориза бо истилогарони фашистӣ сина сипар намуда буд. Чунин шахсиятҳо намиранда буда, ҷои онҳо дар дилу дидаи ҳамдиёрон то абад боқӣ мемонад».

Сафар Сайфов 9 майи соли 1924 дар деҳаи Систи ноҳияи Ишкошим дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1931 дар 7-солагӣ дар мактаби 7-солаи деҳаи зодгоҳаш ба таҳсил фаро гирифта шуда, то соли 1936 дар ин мактаб таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаб дар хоҷагии ҳамдасти (колхози) «Коммунизм» ба сифати коргарӣ одӣ кор кардааст.

3 сентябри соли 1943 барои хизмати аскарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Сафар Сайфов қисмати тайёрии аввалини ҳарбиро дар муддати 40 рӯз дар шаҳри Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) аз худ намуда буд. Охири моҳи октябри соли 1943 ба фронти   Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристонида мешавад. Аз соли 1943 то моҳи майи соли 1944 дар фронти якуми Украина, полки 695-уми тирандозӣ таҳти сарфармондеҳи генерали армия Ватутин Н.Ф. ҷангидааст. Дар озод кардани шаҳрҳои Украина ва Руминия иштирок доштааст. 17 апрели соли 1945 дар яке аз задухӯрдҳо сахт ярадор шуда,  ҳамон сол аз сафи Армияи Шӯравӣ рухсат мегардад.

То соли 1961 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди масъули шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ишкошим, шуъбаи алоқаи ноҳияи Ишкошим фаъолият намудааст. Баъди ин дар вазифаҳои гуногун дар хоҷагии ҳамдастии (колхози) «Гармчашма», баъдан хоҷагии шӯравии (совхози) «Бадахшон» фаъолият намудааст. Моҳи майи соли 1984 ба нафақаи пиронсолӣ баромадааст.

Сафар Сайфов зиндагии ибратомӯзашро сарфи хизмат ба Ватан ва давлати хеш намудааст. Дар ҳаёти бобаракаташ кӯшишу талошҳои вай баҳри адлу адолат, ободиву созандагӣ нақши ҷиддие доранд. Барои мардонагӣ, саҳми арзанда дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо Ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 2, медалҳои «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (соли 1965), «30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»(1975), «40-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1985), «50-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1995), «60-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (2005), «65-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (2010), «Барои хизматҳои ҷангӣ», «100-солагии Жуков» (1996), 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» (1988) ва ифтихорномаҳои зиёде сарфароз гардонида шудааст.

Инсонҳое ба мисли Сайфов Сафар ҳаргиз намемиранд. Онҳо дар дилу дидаи мардум бо кори неку номи нек, бо хислатҳои олии мардумдӯстӣ, садоқат ба Ватан, далериву мардонагӣ асрҳо ҷойгузин хоҳанд монд.

Ба қавли шоир:

Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Декабрь 4, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад