Дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ чораҳои пешгирӣ ва табобати COVID-19 дар Тоҷикистон пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода 9 декабр дар Конфронси байналмилалии илмӣ ва амалӣ оид ба мубориза бар зидди коронавируси COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки дар Китобхонаи президентии ба номи Борис Елтсин дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, тариқи онлайн ширкат ва сухан кард.
Дар конфронс мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз тамоми ҷаҳон саҳм гирифтанд.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар медиҳад, Самариддин Ализода дар бораи вазъи санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумат тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ ва табобати COVID-19 андешидааст.
«Конфронс дар соҳаи эпидемиология, вирусология, иммунология ва биотехнология бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо сирояти коронавируси нав, рушди мубодилаи илмӣ ва зарфияти миллии кишварҳои шарик дар муқовимат бо бемориҳои сироятӣ баргузор гардид», — хабар доданд аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Таъкид гардид, ки дар шароити пандемияи сирояти коронавируси нав табодули таҷриба байни мутахассисони кишварҳои мухталиф ниҳоят муҳим аст.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






