Дар Кумитаи рушди маҳал ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон 4 декабр бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суҳбати “мизи мудаввар” баргузор гардид. Дар кори он олимону мутахассисон фаъолона иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳал ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш масъалаҳои ҳамкорӣ, роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда дар сатҳи маҳал ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодие, ки ба рушди минтақаҳо равона гарида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҳамоиши илмӣ ҳамчунин оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ибрози назар карда шуд.
Зикр шуд, ки 62 адад барномаҳои минтақавӣ оид ба рушди маҳал ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ба итмом мерасанд. Айни замон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021 – 2025” мавриди таҳия ва тасдиқ қарор дорад.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






