Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба оилаи Ҳакимовҳо, ки имкониятҳои ҷисмонии падар ва фарзандон маҳдуд мебошанд, кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади аёдати оилаи Ҳакимовҳо, ки имкониятҳои ҷисмонии падар ва фарзандони оила маҳдуд мебошанд, ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар намуда, ба ҳамаи фарзанди ин оила сарулибоси гарми зимистона ва шириниҳои солинавӣ, кумаки пулӣ, маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду биринҷ, равған, картошкаю пиёз ва ғайра дастрас намуд. Инчунин дар асоси дархости фарзандони ин оила, бо дастури раиси вилоят барои Рамазону Нозанин катҳои хоб, барои Сабрина ҷевони либос ва барои Шукронаю Сарвиноз планшетҳо тақдим карда шуд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, оилаи Ҳакимовҳо дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ, дар хонаи иборат аз се ҳуҷра зиндагӣ менамоянд. Сардори оила Орзу Ҳакимов 40 сол ва ҳамсараш Умеда Шомаҳмудова 35 сол дорад. Фарзанди калонии оила Рамазон 17-сола ва хурдиаш Моҳшариф яксолаанд. Аъзои оилаи мазкур, ба истиснои модари фарзандон Умеда Шомаҳмудова ҳамагӣ қади паст доранд. Писарашон Рамазон Ҳакимов маъюб буда, бо аробача ҳаракат мекунад. Модари хонадон дар бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фурӯши либосворӣ машғул буда, чор нафар фарзандонашон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №2 таҳсил менамоянд. Ин оила дар қайди шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия буда, мунтазам ба онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони саховатпешаи Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» кумак расонида мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо фарзандони хонавода Сабрина, Сарвиноз ва Нозанин ба дониши онҳо баҳои баланд дода, онҳоро ба таҳсили хуб, мутолиаи китобҳо ва омӯзиши ҳунарҳо ташвиқ намуда, иброз дошт, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва давлат барои таъмини шароити мусоид ва арзандаи зисти ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, махсусан маъюбону дардмандон ҳамаҷониба тадбирандешӣ мекунанд».
Раиси вилояти Хатлон дар пайравӣ ба ташаббуси инсондӯстонаю хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати бошандагони Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши пиронсолону маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён рафта, бо вазъи будубош, таъминот ва табобати маъюбон ва пиронсолони ин марказ шинос гардид. Ҳамчунин шаст нафар бошандагони ин муассиса дар арафаи соли нави мелодӣ соҳиби туҳфаҳои солинавӣ гардиданд.
Тибқи дархости бошандагони марказ, бо дастури раиси вилоят ба китобхонаи муассиса имрӯз беш аз 50 адад адабиёти тозанашри бадеию таърихӣ тақдим гардида, дар ояндаи наздик боз китобҳои бадеӣ ва махсус (барои нобиноён) дастрас карда мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ аз ҳуҷраҳои зисти чанде аз бошандагон бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз вазъи саломатӣ ва шароити нигоҳубинашон пурсон шуд.













Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






