Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми соҳибкорони ташаббускор дар деҳаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони зеристгоҳи барқии нав дар арафаи анҷомёбист.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмону васлкунии трансформатори баландшиддат дар зеристгоҳи барқии мазкур аз ҷамоати мазкур боздид намуд.
Корҳои сохтмони зеристгоҳи барқӣ моҳи августи соли 2020 бо мақсади ба эътидоловарӣ ва интиқоли сифатноки қувваи барқ ба аҳолӣ оғоз гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтани иншоот мушкилоти кормандони шабакаҳои барқи ноҳия ва аҳолии ҳудуди деҳот бартараф хоҳад шуд.
Аз ҷониби масъулини шабакаҳои барқи ноҳия иттилоъ дода шуд, ки иқтидори трансформатори насбшаванда барои камбор гардидани интиқоли қувваи барқи зеристгоҳҳои «Сада», «Деҳқон», «Ленинобод» ва «Сумчак-1», ки дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов, Унҷӣ ва Дадобой Холматов ҷойгир мебошанд, таъсири мусбат мерасонад ва дар натиҷа сифати интиқоли қувваи барқ дар зеристгоҳҳои номбурда беҳтар мегардад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ҷиҳати ҳарчӣ тезтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва васлу насби трансформатори зеристгоҳи барқии нав ба роҳбарони марбутаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шабакаҳои барқи ноҳия, кумитаи заминсозӣ, бахши меъморию шаҳрсозӣ дастуру тавсияҳо дод.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






