Дар ноҳияи Муъминобод даври вилоятии озмуни фаннӣ доир гардид
МУЪМИНОБОД, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки беш аз 200 нафар довталабони синфҳои болоӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Муъминобод даври вилоятии озмун аз фанни таърих ва ҳуқуқ доир гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани озмун шароити зарурӣ муҳайё кардааст. Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олимҷон Табаров, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин озмуну олимпиадаҳоро байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои олӣ пайваста мегузаронад. Дар ҷамъбасти озмуну олимпиадаҳо хонандагони беҳтарин муайян ва соҳиби имтиёзҳо мегарданд, ки ба таҳсили ояндаашон мусоидат мекунад.
Маркази рушди дарёфт ва истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон барои довталабон саволҳои тестӣ омода намудааст, ки ҳар довталаб имкон дорад давоми ду соат ба саволҳо ҷавоб дода, соҳиби холҳо гардад. Дар ин озмун беҳтарин иштирокчӣ соҳиби 100 хол ва ғолиб хоҳад гардид.
Гузаронидани озмуни вилоятӣ дар минтақаҳо аз як ҷониб барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 бошад, аз ҷониби дигар сабаби мустаҳкам гардидани дӯстӣ миёни хонандагон ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар унвон мешавад.
Ҳар довталаб ба озмун бо тайёрии хуб омада, барои ғолиб гардидан кӯшиш мекунад. Қисми зиёди довталабон аллакай дар чунин озмунҳо иштирок карда, аз қоида ва ҷараёни он огоҳ мебошанд.
Баъди ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо бо ифтихорномаҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон сарфароз гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






