Дар рӯзи аввали Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи шоирӣ 3 нафар ҳунарнамоӣ карданд

Декабрь 8, 2020 10:21

ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Дар рӯзи аввал аз рӯйи номинатсияи шоирӣ аъзои ҳакамон аз вилояти Суғд 3 нафар-Мафтуна Нозирова, Сафар Абдураҳимов ва Мадина Қодироваро шуниданд. Айни замон иштирокчиён аз вилояти Хатлон баромад карда истодаанд.

Ба иттилои узви ҳакамон Хайриддини Хайрандеш, «дар номинатсияи шоирӣ дар рӯзи аввал тавонистем чеҳраҳои нави эҷодкор кашф намоем. Ҳарчанд дар эҷодиёти нахустини баромадкунандагон камбудиҳо ба назар мерасанд, вале дар маҷмӯъ метавон гуфт, миёни иштирокчиён чеҳраҳои нави суханвару сухандон зиёданд».

Роҳбари гурӯҳи ҳакамон Рустам Ваҳҳобзода иброз намуд, ки барояшон муайян кардани ғолибон аз рӯи номинатсияи шоирӣ хеле душвор аст, зеро иштирокчиён бо тайёрии пухта омадаанд. «Гузашта аз ин, барои ин номинатсия танҳо 3 ҷойи ифтихорӣ муқаррар шудааст, ки муайян кардани беҳтаринҳо кори моро душвортар месозад. Ҳар  чеҳрае, ки  инҷо омадааст, бо эҷоду суханаш аз ҳамдигар фарқ мекунад. Изҳори итминон дорам, ки соли оянда ба номинатсияи мазкур   тағйирот ворид гардида,  шумораи ҷойҳои ифтихорӣ бештар карда мешавад»,- гуфт Рустам Ваҳҳобзода.

Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияи шоирӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон,  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 23 нафар ширкат меварзанд.

Ғолибони ин номинатсияро барои ҷойи якум 25 000 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 20 000 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм 15 000 ҳазор сомонӣ интизор аст.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад