Дар Рашт гурӯҳи корӣ бо сокинон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ суҳбату вохӯриҳо доир менамояд

Декабрь 17, 2020 13:28

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт аз ҳисоби коргарзанҳои  Раёсати мазкур  гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи таблиғотӣ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор  дар шаҳраки Ғарм ва деҳаҳои гирду атрофи он оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ рейди муштарак гузарониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар ҷараёни чорабинии муштарак гурӯҳи корӣ бо кормандони якчанд корхона ва шаҳрвандони ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо намуда, доир ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар давраи зимистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки  Ширкати «Барқи Тоҷик» тавассути ирсоли як  муроҷиатнома  иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 10 декабри соли равон  интиқоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ  пурра ҷорӣ мегардад. Ҳамзамон бо ин, ширкати мазкур  аз тамоми муштариён хоҳиш намуд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии мамлакат  бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои ҷумҳурӣ  нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин робита,  дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир шуд.

Дар рафти ҷаласа оид ба  бардоштани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ аз 10 декабри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон таъкид гардид.

Дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор Ситоди ягонаи ҷумҳуривӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии нерӯи барқ созмон дода шуд.

Декабрь 17, 2020 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад