ДАР ТАЪМИНИ ГАРМӢ АЗ АНГИШТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ! Дар муассисаҳои иҷтимоии Муъминобод ин сӯзишвориро ба миқдори зарурӣ захира карданд
МУЪМИНОБОД, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Муъминобод барои муътадил гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омодагии хуб дидаанд. Дар анбори беморхонаҳо ангишту ҳезум ва маводи хӯрокворӣ ба қадри кофӣ захира карда шуда, бо истифода аз он биноҳо гарм карда мешаванд.
Тавре сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Рустам Шарифов ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Сулаймони Хол баён дошт, дар ноҳия 21 маркази саломатӣ ва 32 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд, ки барои онҳо 3 тонна ангишт ва 200 куб ҳезум харидорӣ шудааст.
Дар ноҳияи Муъминобод, ки иқлимаш нисбат ба ноҳияҳои водӣ сард ва зимистонаш тӯлонист, барои гузаронидани фасли сармо ҷиддӣ омодагӣ мегиранд. Хусусан дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз фасли тобистон ба захира намудани маводи сӯхт шурӯъ намуда, мекӯшанд аз нақшаи муайяншуда зиёд ангишту ҳезум захира намоянд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олимҷон Табаров, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод имсол барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зиёда аз нақша ангишту ҳезум дастрас карда шуд.
Як қисми муассисаҳои таълимӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сохта шудаанд, вобаста ба талаботи имрӯза маркази мустақими гармидиҳӣ доранд. Аз ин рӯ дар ин муассисаҳо хароҷот камтар буда, дар биноҳои таълимӣ ҳарорати гармӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Соли 2020 зимни сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳияи Муъминобод Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло ин марказ ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонад. Марказ бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, дар он ба қадри кофӣ ангишту ҳезум захира шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






