Дар Тоҷикистон мавсими яхобмонӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи декабр то феврал кишоварзони мамлакат барои нобуд намудани ҳашароти зараррасон ва касалиҳо бояд тадбири яхобмонӣ анҷом диҳанд. Чунки дар ҳамин давра ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар ҳолати оромӣ қарор дошта, яхобмонӣ дар чунин лаҳзаҳо манфиатбахш мебошад. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба кишоварзони мамлакат.
Ба зикри номбурда, аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд мешаванд. Инчунин шӯрии хок кам шуда, замин беҳтар нам мекашад. Давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта мешавад. Инчунин имкон медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба яхобмонӣ сухан карда, иброз намуданд, ки бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд.
Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 27 ҳазору 562 гектар замин бояд яхоб монда шавад.
То 4 декабри соли равон дар 4260 гектар тадбири яхобмонӣ анҷом ёфтааст, ки ба 15 фоизи иҷрои дурнамо баробар аст.
То ин муддат яхобмонӣ дар вилояти Суғд дар 1842 гектар, дар вилояти Хатлон дар 413 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 2005 гектар гузаронида шудааст.








Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад






