Дар Тоҷикистон мавсими яхобмонӣ оғоз гардид

Декабрь 10, 2020 12:35

 ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи декабр то феврал кишоварзони мамлакат барои нобуд намудани ҳашароти зараррасон ва касалиҳо бояд тадбири  яхобмонӣ анҷом диҳанд. Чунки дар ҳамин давра ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар ҳолати оромӣ қарор дошта,  яхобмонӣ дар чунин  лаҳзаҳо манфиатбахш мебошад. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба кишоварзони мамлакат.

Ба зикри номбурда,  аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об  дар бехи дарахтон захира шуда,  касалиҳои хок ва ҳар гуна  ҳашарот нобуд  мешаванд.  Инчунин шӯрии  хок  кам шуда, замин беҳтар нам мекашад.  Давраи  гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу  ба қафо партофта мешавад. Инчунин имкон медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор  гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми  солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба яхобмонӣ сухан карда, иброз намуданд, ки бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта,  дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд.

Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 27 ҳазору 562 гектар замин бояд яхоб монда шавад.

То 4 декабри соли равон дар 4260 гектар тадбири яхобмонӣ анҷом ёфтааст, ки ба 15 фоизи иҷрои дурнамо баробар аст.

То ин муддат яхобмонӣ дар вилояти Суғд дар 1842 гектар, дар вилояти Хатлон дар 413 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 2005 гектар гузаронида шудааст.

Декабрь 10, 2020 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид