Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи 88-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ ширкат варзид

Декабрь 10, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 10.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 9 декабр, ҷаласаи 88-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ ба таври конфронси видеоӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои иқтисодии ИДМ Давлаталӣ Саид ширкат варзид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласаро раиси Шӯрои иқтисодии ИДМ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазири рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Қучқоров ифтитоҳ ва раҳбарӣ кард. Вай ба ҳозирин дар бораи натиҷаҳои татбиқи рӯзномаи иқтисодии давраи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Иттиҳод маълумот дод.

Дар ҷаласа Ёқуб Аюбов — узви Шӯрои иқтисодии ИДМ, муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, Игор Петришенко — Ҳамраиси Шӯрои иқтисодии ИДМ, Муовини сарвазири Ҷумҳурии Беларус, Анатолий Усатий — Вазири иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, Давлаталӣ Саид — узви Шӯрои иқтисодии ИДМ, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Армен Гевондян — Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон, Михаил Бабич — Муовини якуми вазири рушди иқтисодии Федератсияи Россия, Ровшен Нурягдиев — Муовини вазири молия ва иқтисоди Туркманистон, Ерлан Жанаев — намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Айгул Рисқулова — намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Комиссияи корҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Сергей Лебедев — раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар бораи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа маълумот пешниҳод кард.

Дар оғози ҷаласа, тибқи анъана, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар ИДМ сурат гирифт.

Елена Абрамова, муовини роҳбари Агентии федералии захираҳои давлатии Федератсияи Россия дар бораи лоиҳаи Консепсияи ҳамкории мақомоти давлатӣ (иҷроия), ки захираҳои давлатии моддии давлатҳои узви ИДМ-ро дар давлатҳои аъзои ИДМ роҳбарӣ мекунанд, дар давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он сухан гуфт.

Роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Григорий Ивлиев дар бораи лоиҳаи Созишномаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ оид ба пешгирӣ ва қатъ намудани истифодаи тамғаҳои қалбакӣ ва нишонаҳои ҷуғрофӣ иттилоъ дод. Қабули ин санад ба такомули заминаи ҳуқуқии ИДМ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мусоидат мекунад.

Иштирокчиёни ҷаласа бо назардошти бахши иттилоотӣ ва таҳлилӣ 19 санадро баррасӣ карданд. Баъзе аз онҳо барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатӣ ба Шӯрои сардорони ҳукуматҳо фиристода хоҳанд шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 12 март дар Москва баргузор мешавад. Интизор меравад, ки худи ҳамон рӯз Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шавад.

                                       АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад