Директори Агентии омор дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии даври навбатии соли 2020 дар давлатҳои ИДМ дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи мазкур директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода оид ба ҷараёни ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020, бартарии усулҳои муосири ҷамъоварии маълумот тариқи интернет ва планшет, инчунин давраи натиҷагирии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ гузориш дод.
Ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти омори ИДМ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи омори миллии Ҷумҳурии Беларус Ирина Медведева гузашт. Дар он ҳисоботи фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти омори миллии давлатҳои ИДМ барои солҳои 2016-2019 шунида шуда, лоиҳаи Барномаи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори давлатҳои ИДМ барои соли 2021, корҳо дар самти Барномаи муқоисакунии байналмилалӣ дар асоси қобилияти харидории асъор дар минтақаи ИДМ, ҷараёни корҳо оид ба Барномаи муқоисакунӣ барои соли 2021, ҷараёни корҳои омодагӣ аз рӯи тафсири русии Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи ҳадафҳо (ТИИҲ -2018), дар бораи фаъолияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар соли 2019, баъзе омилҳои фаъолияти мақомоти омори миллии давлатҳои ИДМ дар шароити паҳншавии пандемияи COVID-19, оид ба Раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соли 2021 баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ-Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин роҳбарони Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ иштирок намуданд.
Тибқи пешниҳоди Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ раисии Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ барои соли 2021 ба Кумитаи омори Вазорати иқтисодии миллии Қазоқистон ва ҳамраисӣ ба Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон гузашт.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






