Директори Агентии омор дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ иштирок кард

Декабрь 22, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии даври навбатии соли 2020 дар давлатҳои ИДМ дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти омори  давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт, баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи мазкур директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода оид ба ҷараёни ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020, бартарии усулҳои муосири ҷамъоварии маълумот тариқи интернет ва   планшет, инчунин давраи натиҷагирии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ гузориш дод.

Ҷаласаи  61-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти омори  ИДМ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи омори миллии Ҷумҳурии  Беларус Ирина Медведева гузашт. Дар он ҳисоботи фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти омори миллии давлатҳои ИДМ барои солҳои 2016-2019 шунида шуда, лоиҳаи Барномаи корҳои Кумитаи байнидавлатии омори давлатҳои ИДМ барои соли 2021, корҳо дар самти Барномаи муқоисакунии байналмилалӣ дар асоси қобилияти харидории асъор дар минтақаи ИДМ,  ҷараёни корҳо оид ба Барномаи муқоисакунӣ барои соли 2021, ҷараёни корҳои омодагӣ аз рӯи тафсири русии Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи ҳадафҳо (ТИИҲ -2018), дар бораи фаъолияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар соли 2019, баъзе омилҳои фаъолияти мақомоти омори миллии давлатҳои ИДМ дар шароити паҳншавии пандемияи COVID-19, оид ба Раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соли 2021 баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ-Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин роҳбарони Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ иштирок намуданд.

Тибқи пешниҳоди Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ раисии Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ барои соли 2021 ба Кумитаи омори Вазорати иқтисодии миллии Қазоқистон ва ҳамраисӣ ба Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон гузашт.

Декабрь 22, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст