Директори Институти саломатии ИМА Ораш Алоӣ бо табибони тоҷик семинар-машварати онлайнӣ доир намуд

Декабрь 8, 2020 15:56

ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо омадани фасли сармо мардум дару тирезаҳои утоқҳои корӣ ва хонаҳоро пӯшида, ҳароратро аз 18 дараҷа зиёд мекунанд, ки ин амал сабаби авҷ гирифтани бемории COVID —  19 шуда метавонад. Яке аз роҳҳои маъмули пешгирии ин беморӣ дар нақлиёти истифодаи умум, утоқҳои корӣ ва хона пайваста кушодани тирезаҳо, ҳаворо он ҷойҳоро  тоза намудан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода бурдан, худдорӣ намудан аз рафтан ба маъракаҳои  серодам  ва  риоя намудани  масофаи иҷтимоӣ  мебошад.

Ин тавсияро директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ зимни    семинар-машварати онлайнӣ, ки  7 декабр  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19  бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва табибоне, ки бевосита гирифторони коронавируси нави COVID-19-ро табобат мекунанд, доир шуд, манзур намуд.

Доктор Ораш Алоӣ зимни семинар-машварати мазкур доир ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории COVID-19 ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.

Носмбурда  аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло шумораи нафароне, ки дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, зиёд ба назар мерасад. Дар ин росто, гуфта шуд, ки риояи ҳатмии реҷаи ниқоб низ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 хеле манфиатбахш мебошад. Бинобар ин, таъкид гардид, ки бояд масъалаи мазкур ҳарчи бештар ба мардум фаҳмонида шавад.

Инчунин, директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ як сабаби кам гирифтор шудан ва  фавт аз онро дар кишвар  бар асари бемории COVID-19 ба он рабт намуд, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҷойҳои издиҳом дар он кам вуҷуд доранд.  Гуфта шуд, ки чун аксар мардуми Тоҷикистон дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар он ҷойҳо метавон фосилаи иҷтимоиро ба хубӣ риоя кард

Дар охир миёни иштирокчиёни семинар-машварати мазкур дар самти роҳҳои табобати бемории коронавируси нави COVID-19 бахши саволу ҷавоб доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ораш Алоӣ моҳи ноябр барои тавсия ва кумак ба табибони тоҷик ҷиҳати  пешгирӣ ва табобати COVID- 19 ба Тоҷикистон омад. Ӯ ҳамчун коршиноси байналмилалӣ  таи чанд сол бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Декабрь 8, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд