Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла, дурнамои рушди муносибатҳои муштараки ду кишвари дӯсту ҳамҷавор таъкид карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот иброз намуд, ки “густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишварҳои мо, чун давлатҳои соҳибистиқлол, ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек такя намуда, муносибатҳои байнидавлатии худро дар сатҳи сифатан нав пеш мебаранд. Муссалам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозанд, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фарохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду густариш бахшем”,- зикр кард Муҳамадтоҳир Зокирзода.
Дар мулоқоти ҳайатҳо ҳамчунин доир ба мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамкории байнипарлумонӣ, табодули таҷрибаҳо дар самти қонунгузорӣ ва раванди кори гурӯҳҳои дӯстии байнипаарлумонӣ сухан рафта, Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан таъкид намуд, ки Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо муассисоти бузург, роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо созем. Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи “Дӯстӣ” кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад.
Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил карда шуд.
Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар навбати худ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин давлати дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд».
Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Лӯи Ҷиргаи (парлумон) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вакилони мардумӣ Равшан Раҷабзода, Шариф Ҳакимзода, Машраб Файзулло ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода иштирок намуданд.











Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир гардид
Оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ҷаласа доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия ҷаласа баргузор шуд
Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд






