Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Афғонистон мулоқот намуд

Декабрь 21, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла,  дурнамои рушди муносибатҳои муштараки ду кишвари дӯсту ҳамҷавор таъкид карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот иброз намуд, ки “густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишварҳои мо, чун давлатҳои соҳибистиқлол, ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек такя намуда, муносибатҳои байнидавлатии худро дар сатҳи сифатан нав пеш мебаранд. Муссалам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозанд, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фарохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду густариш бахшем”,- зикр кард Муҳамадтоҳир Зокирзода.

Дар мулоқоти ҳайатҳо ҳамчунин доир ба мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамкории байнипарлумонӣ, табодули таҷрибаҳо дар самти қонунгузорӣ ва раванди кори гурӯҳҳои дӯстии байнипаарлумонӣ сухан рафта, Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан таъкид намуд, ки Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо муассисоти бузург, роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо созем. Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи “Дӯстӣ” кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад.

Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил карда шуд.

Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар навбати худ  аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин давлати дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд».

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Лӯи Ҷиргаи (парлумон) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вакилони мардумӣ Равшан Раҷабзода,  Шариф Ҳакимзода, Машраб Файзулло ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода иштирок намуданд.

Декабрь 21, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид