ҲХДТ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ саҳми назаррас дорад,-бардошт аз ҳамоиш бахшида ба 26-солагии таъсиси ин ҳизб

Декабрь 10, 2020 15:11

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ ва нақши он дар рушди  ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар ҳамоише, ки  ба ифтихори  26-умин солгарди таъсиси ҲХДТ дар Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир гардид,  матраҳ шуданд. Дар ҳамоиш, ки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кормандони «Амонатбонк» иштирок намуданд, Раиси Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ, шоираи шинохтаи Тоҷикистон Меҳриниссо Бобобекова, муовини Раиси Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода ва раиси Шӯрои занони «Амонатбонк» Шаҳло Раҳимзода аз таърихи таъсис, дастовардҳои ҲХДТ  сухан карда,  нақши ҳизбро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ,  пешрафту дигаргуниҳои ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр шуд, ки Роҳбари ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоеанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдории муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳёи арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши бунёдгузорро доранд.

Таҷрибаи Роҳбари  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои ҳар фард мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. ҲХДТ дар фарози чоряк аср роҳи пурпечутобро тай намуда, ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор бо идеяҳои солими миллӣ ва ғояҳои созандаи худ баҳри ба муттаҳидӣ расонидани миллат, таъмини амният ва зиндагии шоиста ба ҳар фарди Ватан кӯшиш дорад. Дар ин роҳ хизматҳои бесобиқаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.

Декабрь 10, 2020 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад