«Хуҷандагро» барои хушксозии пиёз аз Аврупо таҷҳизот ворид месозад
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини корхонаи «Хуҷандагро» барои хушксозии пиёз аз Аврупо таҷҳизоти навтаринро ворид месозанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намоянд. Айни замон дар корхона дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ коркард мегардад. Имрӯзҳо дар корхона воридсозии сабзӣ аз навоҳии вилояти Хатлон барои коркард идома дорад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Алҳол дар «Хуҷандагро» 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуда, истеҳсолот бо истифода аз таҷҳизоти истеҳсоли Россия, Чин ва Украина ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони бурунмарзӣ бунёд гардида, ба коркарди меваю сабзавот машғул аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз корхонаи мазкур бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат таъкид кард, ки роҳбарияти корхона бояд барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд. Инчунин захираи зарурии ашёи хом зарур шуморида шуда, пешниҳод гардид, ки бо назардошти зиёд будани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда кор дар ду баст ба роҳ монда шавад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






