ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СИНАМО. Маҳз дар ҳамин рӯз 125 сол муқаддам дар Париж нахустнамоиши синамотографии бародарон Люмерҳо баргузор шуда буд

Декабрь 28, 2020 13:17

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр Рӯзи байналмилалии синамо — иди филмсозон ва дӯстдорони он дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз дар соли 1895 нахустнамоиши синамотографии бародарон Люмерҳо дар як қаҳвахонаи Париж дар гулгашти Капутсинок баргузор шуда буд. Онҳо аввалин филми кӯтоҳметражро дар ҷаҳон бо номи «Омадани қатора ба истгоҳи Ла Сота» ба оммаи васеи тамошобинон пешкаш карданд.

Дар Тоҷикистон намоиши филми нахустин 16 октябри 1929  сурат гирифт. Ин филми «Омадани қатора аз Термиз ба Душанбе» буд, ки онро филмбардори боғайрат  Василий Кузин ба навор гирифта буд. Филми як дақиқагӣ бевосита бо Анҷумани  III ғайринавбатии Шӯроҳои ИҶШС, ки дар он 16 октябри соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурии ҳафтуми баробарҳуқуқи ИҶШС эълон шуда буд, вобаста аст. Филм ба вакилон ва меҳмонони  анҷуман  пешниҳод шуда буд.

Кишварҳои гуногуни ҷаҳон Рӯзҳои синамотографияи миллии худро таъсис додаанд. Рӯзи кинои Россия ҳар сол 16 октябр ҷашн гирифта мешавад.

АКСИ: pixabay.com

Декабрь 28, 2020 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад