ҒИЗОИ СОЛИМ – БА ҲАР ХОНАНДАИ МАКТАБ! Ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари мо идома дошта, 15 декабр дар доираи он ба хонандагони синфҳои 1-4-и муассисаҳои таълимии мамлакат 180 тонна равғани растанӣ тақдим карда шуд. Интизор меравад, ки то охири соли равон дар ҳаҷми 123 тоннаи дигар равғани растанӣ пешниҳод карда шавад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, кумаки башардӯстона дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Барномаи ҷаҳонии озуқавории (БҶО) Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 сурат гирифт. Дар маросими супоридани он муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, намояндаи Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Марико Кавабата ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки амалишавии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад
Муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ иброз дошт, ки барнмомаи мазкур 52 ноҳияро фаро гирифта, беш аз 500 ҳазор хонандагони синфҳои 1-4-и мактабҳои дурдасти деҳот аз он баҳравар гардидаанд.
Қаблан дар доираи барномаи мазкур 3 ҳазор тонна орди коркардшудаи ғизонокиаш зиёд ва барои саломатии толибилмон муфид дастрас гардида буд.
«Бо таъмини ғизои солим мо метавонем ба инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва баланд бардоштани масунияти кӯдак таъсир расонем»,- афзуд номбурда.
Тадқиқоти илмие, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки мутаассифона, имрӯз миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан кӯдакон ва наврасон шумораи зиёди бемориҳои камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида мешаванд. Албатта, ҳамаи ин аз таъсири норасоии ҳамон микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд. Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти ташкил, бехатарӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат якчанд қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», Стратегияи фаъолияти ҷисмонӣ ва ғизо, инчунин моҳи июли соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда» ба тасвиб расонида шуданд
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ ба тасвиб расидааст. Ин маҷмӯи дастурҳо 116 номгӯй хӯрокҳои миллии тоҷикиро дар бар гирифта, ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун ва солим барои ҳар хонандаи мактаб ба ҳисоб меравад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»









Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






