ҒИЗОИ СОЛИМ – БА ҲАР ХОНАНДАИ МАКТАБ! Ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ тақдим гардид

Декабрь 17, 2020 16:46

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар  кишвари мо  идома дошта, 15 декабр дар доираи он ба хонандагони синфҳои 1-4-и муассисаҳои таълимии мамлакат 180 тонна равғани растанӣ тақдим карда шуд. Интизор меравад, ки то охири соли равон дар ҳаҷми 123 тоннаи дигар равғани растанӣ пешниҳод карда шавад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, кумаки башардӯстона дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Барномаи ҷаҳонии озуқавории (БҶО) Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 сурат гирифт. Дар маросими супоридани он муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, намояндаи Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Марико Кавабата ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов   иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки амалишавии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999  оғоз гардида, қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад

Муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ иброз дошт, ки барнмомаи мазкур 52 ноҳияро фаро гирифта,  беш аз 500 ҳазор хонандагони синфҳои 1-4-и мактабҳои дурдасти деҳот аз он баҳравар гардидаанд.

Қаблан дар доираи барномаи мазкур 3 ҳазор тонна орди коркардшудаи ғизонокиаш зиёд ва барои саломатии толибилмон муфид  дастрас гардида буд.

«Бо таъмини ғизои солим мо метавонем ба инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва баланд бардоштани масунияти  кӯдак таъсир расонем»,- афзуд номбурда.

Тадқиқоти илмие, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки мутаассифона, имрӯз миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан кӯдакон  ва наврасон шумораи зиёди бемориҳои камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида мешаванд. Албатта, ҳамаи ин аз таъсири норасоии ҳамон микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд. Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти ташкил, бехатарӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат якчанд қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», Стратегияи фаъолияти ҷисмонӣ ва ғизо, инчунин моҳи июли соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти ғанигардонидашуда» ба тасвиб расонида шуданд

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ ба тасвиб расидааст. Ин маҷмӯи дастурҳо 116 номгӯй хӯрокҳои миллии тоҷикиро дар бар гирифта, ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун ва солим барои ҳар хонандаи мактаб ба ҳисоб меравад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2020 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд