КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои замонавӣ гардид
ВАҲДАТ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои замонавие гардид, ки бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст. Дар ин бора муовини директори КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат Икромиддин Сайидаҳмадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бинои корхонаи мазкур аз панҷ ошёна иборат мебошад, ки айни замон мутахассисони КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» ва кормандони Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво ба шаҳрвандони корафтода хизмат мерасонанд. Икромиддин Сайидаҳмадов мегӯяд, ки “самти асосии фаъолияти корхона, пеш аз ҳама, ба қайд гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва бақайдгирии молумулки ғайриманқул мебошад. Соли равон ба корхона аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз 3273 ариза ва дархост ворид шудаанд. То имрӯз аз ҷониби бақайдгирандагони шуъбаи бақайдгирии корхона 1627 адад шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди замин, 1320 адад шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди биною иншоот ва иқтибосҳо, 83 адад бақайдгирии шартномаи гарав, 76 адад иттилои шахсони фавтида ва 12 адад бақайдгирии қатъии маҳдудият ба муроҷиаткунандагон дастрас карда шудаанд”.
Мутахассисони корхона мегӯянд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ дар бинои нав сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст. Ин аст, ки муроҷиати шаҳрвандон мувофиқи барномаҳои электронии корхона дар муҳлатҳои муайяншуда қонеъ гардонида мешавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






