Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон соҳиби шоҳҷоизаи озмуни вилоятӣ гардид

Декабрь 30, 2020 10:23

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020»  Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон соҳиби шоҳҷоиза ва 12 ҳазор сомонӣ гардид.  Китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бо дипломи дараҷаи якум — 10 ҳазор сомонӣ, Китобхонаи деҳаи Дашти деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дипломи дараҷаи ду — 8 ҳазор сомонӣ ва Китобхонаи марказии шаҳри  Конибодом бо дипломи дараҷаи 3 — 6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз роҳандозӣ намудани озмуни мазкур — ин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти  китобхонаҳои марказӣ, китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон ва  муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  дар вилояти Суғд аз соли 2018 озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд»  гузаронида шуда, дар он китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста иштирок менамоянд.

Декабрь 30, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид