Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон соҳиби шоҳҷоизаи озмуни вилоятӣ гардид

Декабрь 30, 2020 10:23

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020»  Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон соҳиби шоҳҷоиза ва 12 ҳазор сомонӣ гардид.  Китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бо дипломи дараҷаи якум — 10 ҳазор сомонӣ, Китобхонаи деҳаи Дашти деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дипломи дараҷаи ду — 8 ҳазор сомонӣ ва Китобхонаи марказии шаҳри  Конибодом бо дипломи дараҷаи 3 6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз роҳандозӣ намудани озмуни мазкур — ин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти  китобхонаҳои марказӣ, китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон ва  муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  дар вилояти Суғд аз соли 2018 озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд»  гузаронида шуда, дар он китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста иштирок менамоянд.

Декабрь 30, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд