«Композит Т.А.» дар Душанбе бо сармоягузории 8 миллион доллар корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ месозад
ДУШАНБЕ, 30.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бо сармоягузории 8 миллион доллари амрикоӣ сохта ба истифода дода мешавад. Интизор меравад, ки бо истифода додани ин корхонаи саноатӣ беш аз сад нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Дар ин росто, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишаплатикӣ аз ҷониби ширкати «Композит Т.А.» бо мақсади татбиқи, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода мешавад.
Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар майдони 4 гектар бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 километр қубур мебошад. Диаметри қубурҳои истеҳсолшаванда аз 300 мм то 3000 мм-ро ташкил менамоянд. Татбиқшавии лоиҳаи созишномаи мазкур дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мусоидат намуда, бо ин васила ба таҳкими иқтидори саноатии мамлакат замина мегузорд.








Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад






