«Композит Т.А.» дар Душанбе бо сармоягузории 8 миллион доллар корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ месозад

Декабрь 30, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 30.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бо сармоягузории 8 миллион доллари амрикоӣ сохта ба истифода дода мешавад. Интизор  меравад, ки бо истифода додани ин корхонаи саноатӣ беш аз сад нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Дар ин росто, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишаплатикӣ аз ҷониби ширкати «Композит Т.А.» бо мақсади татбиқи, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода мешавад.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар майдони 4 гектар бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 километр қубур мебошад. Диаметри қубурҳои истеҳсолшаванда аз 300 мм то 3000 мм-ро ташкил менамоянд. Татбиқшавии лоиҳаи созишномаи мазкур дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мусоидат намуда, бо ин васила ба таҳкими иқтидори саноатии  мамлакат  замина мегузорд.

Декабрь 30, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд