«Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»,-таҳти ин унвон дар Хатлон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Декабрь 11, 2020 10:56

ДУШАНБЕ, 11.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид. Конференсия дар чор бахш — “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”, “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” ва “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” ва 13 мавзӯи бо ҳам алоқаманд ҷараён гирифт.

Пеш аз оғози конференсия дар назди Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси масъулини кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҳизб намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав намоиши китобҳои тозанашр ба тамошо гузошта шуд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҳизб ба самъи иштирокдорони конференсия расонид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмуддин Миралиён  зикр кард, ки ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда — мусоидаткунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст.

Дар конференсия як қатор фаъолони ҳизб аз ҷониби Раёсати Марказии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қардонӣ карда шуданд.

Дар қисмати кор дар бахшҳои конференсия беш аз 50 мақолаҳои илмӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар пешниҳод гардида, нахустин Маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», ки тоза аз чоп баромааст, дастраси иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

Декабрь 11, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст