Масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар минтақаи Урал дар шароити пандемия баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар минтақаи Урал дар шароити маҳдудияти давраи пандемияи коронавирус 4 декабр зимни мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо гурӯҳи роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ доданд, дар ҷараёни ин мулоқот иштирокдорон ҳамчунин перомуни натиҷаҳои ҳамкориву ҳамдастии ҷамъият бо Консулгарии генералӣ ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон дар мавриди ҳалли масъалаҳои ҳаётии ҳалталаб, мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, дурусту возеҳ фаҳмондани ҷанбаҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони ҳамватан ба фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Россия, қонунӣ гардонидани ҳузури онҳо дар ин кишвар ва дигар мавзӯоти муҳим мубодилаи афкори муфиду созанда намуданд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Федератсияи Россия Абдусаттор Фаттоҳзода ҳозиринро бо Ифтихорномаю Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва туҳфаҳои маънавӣ (китобҳои нодир) қадрдонӣ намуд.
Бо ин Ифтихорномаю Сипоснома Консули генералии ҷумҳурӣ Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, роҳбарону фаъолони ҷамъияти тоҷикон Абдулло Каримов, Тоҷиддин Турдиев, Орифҷон Бобоев, Хушбахт Бедимоғов, Аҳлиддин ва Алишер Саидовҳо, Яздон Шарифов, Манучеҳр Розиқов, Хусрав Ҷамолов, Фаёзҷон Саидов, Сайидалӣ Соҳибов ва Раҳимбек Мунавваров сарфароз гардонида шуданд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






