Масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар минтақаи Урал дар шароити пандемия баррасӣ гардиданд

Декабрь 4, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар минтақаи Урал дар шароити маҳдудияти давраи пандемияи коронавирус 4 декабр зимни мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо гурӯҳи роҳбарону фаъолони  диаспораи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ доданд, дар ҷараёни ин мулоқот иштирокдорон ҳамчунин перомуни натиҷаҳои ҳамкориву ҳамдастии ҷамъият бо Консулгарии генералӣ ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон дар мавриди ҳалли масъалаҳои ҳаётии ҳалталаб, мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, дурусту возеҳ фаҳмондани ҷанбаҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони ҳамватан ба фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Россия, қонунӣ гардонидани ҳузури онҳо дар ин кишвар  ва дигар мавзӯоти муҳим  мубодилаи афкори муфиду созанда намуданд.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Федератсияи Россия Абдусаттор Фаттоҳзода ҳозиринро бо Ифтихорномаю Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва туҳфаҳои маънавӣ (китобҳои нодир) қадрдонӣ намуд.

Бо ин Ифтихорномаю Сипоснома  Консули генералии ҷумҳурӣ Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, роҳбарону фаъолони ҷамъияти тоҷикон Абдулло Каримов, Тоҷиддин Турдиев, Орифҷон Бобоев, Хушбахт Бедимоғов, Аҳлиддин ва Алишер Саидовҳо, Яздон Шарифов, Манучеҳр Розиқов, Хусрав Ҷамолов, Фаёзҷон Саидов, Сайидалӣ Соҳибов ва Раҳимбек Мунавваров сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 4, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд