НОРАСОИИ СОХТМОНЧИЁН АЗ ТОҶИКИСТОН, ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА. Вазорати сохтмони Россия аз ҳукумат дархост намудааст, ки вуруди муҳоҷиронро барои кор дар сохтмонҳо осон кунад
ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати сохтмон, манзил ва коммуналии Россия барои осон намудани вуруди муҳоҷирони корӣ ба Россия барои кор дар майдончаҳои сохтмонӣ пешниҳод омода кардааст. Пешниҳодҳо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва Роспотребнадзор мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Федератсияи Россия ирсол шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ба ТАСС рӯзи душанбе аз хадамоти матбуотии вазорат хабар доданд.
«Дар айни замон, Вазорати сохтмони Россия масъалаи сода кардани шароити вурудро барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои кор дар якчанд майдонҳои сохтмонӣ дар ҳудуди воҳидҳои маъмурии Федератсияи Россия ҷалб карда мешаванд, баррасӣ мекунад. Ҳамзамон пешниҳод шудааст, ки вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия танҳо ба ташкилоте дода шавад, ки назорати санитарию эпидемиологиро кафолат медиҳанд», — зикр кард хадамоти матбуот.
Пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ натиҷаи тести озмоиши манфии COVID-19-ро на дертар аз се рӯз қабл аз вуруд ба Россия пешниҳод кунанд, ташкилот вазифадор шудаанд, ки шаҳрвандони хориҷии ба кор ҷалбшударо дар қайди муҳоҷират гузоранд ва муносибатҳои меҳнатиро бо онҳо ба расмият дароранд. Ба муҳоҷирон зарур аст, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар Москва иҷозатномаи расмӣ (патент) бигиранд. Вазорати сохтмони Федератсияи Россия пешниҳодҳоро бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Вазорати меҳнати Федератсияи Россия ва Роспотребнадзор мувофиқа карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Федератсияи Россиия пешниҳод кардааст.
Тавре ки ба ТАСС дар Вазорати сохтмон шарҳ доданд, то 1 декабр дар 50 минтақаи мамлакат аз 77 адад дар сохтмонҳо норасоии муҳоҷирон ҳис карда мешавад. Дар маҷмӯъ, талабот ба неруи корӣ дар бахши сохтмон беш аз 190 ҳазор нафар тахмин зада мешавад, менависад вебсайти «Кор дар Россия». Пеш аз ҳама, дар сохтмонҳо мутахассисон аз кишварҳои хориҷии наздик: Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон намерасанд.
Вазорат дар қатори сабабҳои камбуди неруи корӣ дар сохтмонҳо аз манъи вуруди коргарони хориҷӣ ба Россия ном бурдааст. Инчунин гузариши муҳоҷирон аз кор дар майдончаҳои сохтмонии баҳори соли 2020 мутавақифшуда ба соҳаи истеҳсолот таъсир расонид, ки ба туфайли ин дар давраи худмаҳдудкунӣ имконоти зуд пӯшонидани ҷойҳои холии корӣ дар истеҳсолот муяссар шуд. «Ҳамзамон сарфи назар аз афзоиши бекорӣ ва ихтисори коргарон, шаҳрвандони Россия ба ишғоли вазифаҳое, ки қаблан муҳоҷирон дар онҳо кор мекарданд, розӣ нестанд, зеро онҳо аксар вақт ҷойи бонуфузро афзалтар медонанд», — илова кард хадамоти матбуот.
Вазорати сохтмон хотиррасон кард, ки манъи вуруд ба Россия ба мутахассисони баландихтисос ва шаҳрвандони Беларус — кормандони ширкатҳои маҳаллӣ, ки дар таъмини раванди пайвастаи истеҳсолот дар иншооти саноатии Россия кор мекунанд, дахл надорад.
Дар бораи камбуди бинокорон
Қаблан муовини сарвазири Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин зикр карда буд, ки ҳангоми пандемияи коронавирус маоши коргарон дар сохтмонҳои Россия тақрибан ду баробар афзудааст, аммо то ҳол ин имкон надод, ки мушкилоти камбуди кадрҳо бинобар сабаби рафтани муҳоҷирон ҳал шавад.
Ғайр аз ин, Ҳукумати Россия дар якҷоягӣ бо минтақаҳо барномаи бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои сохтмонро таҳия карда истодааст. Тавре Ҳуснуллин ба рӯзноманигорон шарҳ дод, ин имкон медиҳад, ки сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад, инчунин мушкилоти камбуди бинокоронро, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, ҳал намояд.
АКСИ: migranturus.com