ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 дарҷа хунук ва 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4 дараҷа хунук ва 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






