Оид ба таълимии ихтисоси «WEB-журналистика» миёни Тоҷикистон ва Чин тренинги омӯзишӣ доир шуд

Декабрь 3, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 3.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 2 декабр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тариқи фосилавӣ тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси «WEB-журналистика» дар доираи лоиҳаи грантии «Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ» доир гардид.

Тавре масъули бахши матбуоти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  Додоҷон Рӯзиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар тренинги омӯзишӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов, декани факултаи режиссура, кино ва телевизион, менеҷери лоиҳа Зулфиддин Муъминҷонов, профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод  Муродӣ, мудири кафедраи матбуоти чопӣ ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон Шариф Муллоев, ректори Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, профессор Чжан Вэйсзян, профессори кафедраи медиа-рӯзноманигорӣ Ми Ҷиан Ли ва дигар устодону профессорони ду муассиса  ширкат намуда, перомуни мавзӯъҳои пешниҳодгардида табодули афкор намуданд.

Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки ҳамкории судманд ва шарикии стратегии ду давлат барои боз ҳам равнақ ёфтани робитаҳои байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин  такони ҷиддӣ мебахшанд.

«Дар доираи Созишномаи ҳамкории байни ҳарду муассисаи таълимӣ баимзорасида (20 апрели соли 2017) дар назди донишкада Маркази фарҳангии Чин бунёд ёфта, заминаи ҳамкории давомдорро ҷиҳати тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати ҳар ду давлат ба миён овард. Тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси «WEB-журналистика» ба тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба, омӯзиши раванди таълим ва мубодилаи таҷрибаи ғании ҳарду таълимгоҳ мусоидат мекунад»,- афзуд Муҳриддин Низомӣ.

Ректори Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чжан Вэйсзян ба созмондиҳандагони тренинги омӯзишӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зимнан ба ҳозирин перомуни самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ иттилоъ дод. Бино ба зикри  Чжан Вэйсзян, Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоу бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар оянда доираи ҳамкории дуҷонибаро тавсеа бахшида, дар таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси «WEB-журналистика» мусоидат хоҳанд кард.

Иштирокдорони тренинги омӯзишӣ якчанд масъалаҳои муҳим, назири «Омода намудани стандарт ва барномаҳои таълимии WEB-журналистика», «Нақши WEB-журналистика дар замони муосир», «Асосҳои ихтисоси WEB-журналистика», «Инкишофи малакаҳои касбии донишҷӯёни ихтисоси WEB-журналистика», «Кор бо барномаҳо ва технологияҳои муосир дар доираи ихтисоси WEB-журналистика»-ро мавриди баррасии амиқ қарор дода, барои беҳтар ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тренинги мазкур ду рӯз идома меёбад.

Декабрь 3, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад