«Оила бе хушунат зебост» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти унвони «Оила бе хушунат зебост» машварат баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар машварат мудирони кор бо занон, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маорифу тандурустӣ, раисони шӯрои занони ҷамоатҳо, иштирок намуда, назарҳояшонро вобаста ба пешгирии хушунати хонаводагӣ баён доштанд. Зимни машварат аз тарафи намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби бахши кор бо занон «Микрофони озод» ташкил карда шуда, сокинон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иброз намуданд.
Дар робита ба ин мавзӯъ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таҳти унвони «Нест бод зӯроварӣ» барномаҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






