Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис гардид

Декабрь 28, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 27.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки  ҳамасола барои дарёфти он  озмун  эълон шуда,  барои ҳар як ғолиб   мукофоти пулӣ- 20 000 сомонӣ  тақдим мегардад. Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ, барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд,  ҳадаф аз таъсис ва сарфароз намудан бо ҷоизаи давлатӣ ин татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос  равона гардидааст.

Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд, коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудоифиавии мамлакат мебошад, барои таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ дода мешавад.

Ҳамчунин ҷоизаи мазкур ба омӯзгорон барои навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маҳорати асоснок намудани омӯзиши фанни таълимӣ ва методикаи таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (шабакаи ҷаҳонии интернет, проектор, тахтаи электронӣ), омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, муаррифии усулҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, фарҳанги муошират, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда, падару модар ва ҳамкорон тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки хоҳишмандон метавонанд Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро аз сомонаи Вазорати маориф ва илм – www.maorif.tj дастрас намоянд.

Декабрь 28, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид