Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ дастур доданд

Декабрь 10, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Саломатии ҳар фард аз сатҳи хуби хизматрасонии тиббӣ, ташхиси пурраю саривақтӣ ва таъйиноти дурусти табибон вобастагии калон дорад. Роҳандозӣ намудани низоми самараноки хизматрасонии сатҳи аввалияи тиббӣ дар мамлакат, риояи тартиби хизматрасонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ, ташхиси касбии аниқу мушаххаси беморӣ, таъйиноти доруворӣ, бахусус пешгирӣ кардани таҳияи  дорухатҳои ба истилоҳ «фармоишӣ» ва водорсозии бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои муайян зарур мебошад.

Ин матлабро дирӯз, 9 декабр зимни  баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  баён намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар иҷлосия таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуданд.

Аз ҷумла, оид ба масъалаи ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон ва солимии ҷомеа ибрози назар карда, дар ин робита,  Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон уҳдадор гардид, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизмативу касбии табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, масъалаҳои зикргардидаро якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатӣ омӯхта, таклифҳои асоснок манзур намояд.

Ёдовар мешавем, ки  дар    иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум  аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он таҳия карда шуданд, баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Декабрь 10, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон