Раиси вилояти Хатлон бо Сафири Украина дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Декабрь 2, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар шаҳри Душанбе миёни соҳибкорони тоҷику украин ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии дуҷониба баргузор хоҳад шуд. Ин нукта 1 декабр зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк баён гардид.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк зимни мулоқот пешниҳоди худро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар мисоли вилояти Хатлон миёни соҳибкорон, дастрасии техникаи ҳарбӣ, таҷҳизоти барқӣ, автобус, маҳсулоти қаннодӣ ва ривоҷи тиҷорат баён дошт. Инчунин аз рушди энергетика дар Тоҷикистон, густариш бахшидани ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо, эътирофи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии Украина аз ҷониби Тоҷикистон изҳори умеду боварӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки «ман аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, мулоқоту суҳбатҳои судманд бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҷд омада, ин мамлакати офтобиро дар муносибатҳои дуҷониба бо Украина боз ҳам пешрафтатар дидан мехоҳам».

Ҷонибҳо зимни мулоқот иброз намуданд, ки сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон имкони воқеӣ фароҳам овардааст, ки 173 давлати дунё бо мамлакати мо муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, ба ҳамкорӣ  рушди тоза бубахшанд. Дар ин радиф муносибати Тоҷикистон бо давлати Украина дар ҳоли густариш қарор дорад.

Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз чор шаҳр ва 21 ноҳия иборат аст. Он вилояти аграрӣ буда, дар истеҳсоли меваю сабзавот, хушкмева, лимӯ, пахта ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат нақши муассир дорад. Инчунин дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза вилояти Хатлон мавқеи аввалиндараҷаро ишғол мекунад.

Раиси вилоят ҳамчунин оид ба мамлакати сайёҳӣ будани Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон андешаҳояшро иброз намуда, аз мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби вилоят- шаршараи Сарихосор, «Чилдухтарон», «Чилучорчашма», «Хоҷа Машҳад», Тахти Сангин, «Бешаи палангон» ва дигар мавзеъҳои диданӣ ёдовар шуда, халқи дӯсту бародари Украинаро ба диёри офтобӣ даъват намуд.

Раиси вилоят аз дастгирии давлати Украина дар самти бунёди иншооти муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин дар мавриди масъалаҳои дигари марбут ба тавсеаи ҳамкории оянда табодули назар карданд.

Декабрь 2, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд