«Сайёҳӣ пас аз пандемия ё чӣ тавр коронавирус сафарҳоро тағйир медиҳад» — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, аз ҷумла ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз, ки тӯли ҳафта ба вуқӯъ пайвастаанд, нашр гардидаанд.
Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар шумораи №230 (24 085) душанбе, аз 30 ноябр мақолаҳоро таҳти унвони «Президент кафили сарҷамъӣ, таъмини субот ва ояндаи дурахшони кишвар», «Дар масири рушд бардошт аз шаҳри Турсунзода, ки саноати пешрафта дорад», «Сайёҳӣ пас аз пандемия ё чӣ тавр коронавирус сафарҳоро тайғир медиҳад» ба нашр расонидааст.
Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият», шумораи №231 (24 086) сешанбе, аз 1 декабр таҳти унвони «Сулҳу субот заминаи пешрафт (дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш)” нашр шудааст, ки дар он муаллифи мақола муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид Комилбек аз суханронии Пешвои миллат чунин иқтибос овардааст: «Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёде рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ, радикализму экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошанд».
Муаллиф зикр кардааст, ки дар ин вазъ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҳамчунин дар ин шумора оид ба бунёди азимтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ–НБО “Роғун”, “Риёкорӣ. Мардум ҳанӯз фоҷиаи миллиро фаромӯш накардааст”, “Сафи бонувони ҳунарманд афзудан дорад”, “Сангвор бо вуҷуди коҳиши сироятёбӣ…” ва дигар хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд.
Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» №232 (24 087), чоршанбе, аз 2 декабр дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат. Вақте ки дили Роҳбар ҳамнавои Ватан метапад…”, “Эҳёи Саразми бостон-эҳдои хиради Пешво” нашр шудаанд.
«Садои мардум» рӯзи сешанбе, №145 (4251) аз 1 декабр дар шумораи навбатии хеш гузоришро аз Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводҳои дигарро таҳти унвони “14 пойгоҳи обтаъминкунӣ барқарор гашт”, “Нақши Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккули СҲШ” ва Қонун “Дар бораи сайёҳӣ”-ро ба нашр расонидааст.
«Народная газета» — нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабр, №50 (20280), дар саҳифаи аввалаш маводи “Заседание Правительства Республики Таджикистан», “«Народная газета» о народном Президенте”-ро чоп карда, инчунин “Память о Герое Таджикистана сохранится на века” ва “Визит Рустами Эмомали в Москву придаст новый импульс многогранным отношениям между Таджикистаном и Россией” мавод нашр намудааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ — «Минбари халқ» дар шумораи 49, чоршанбе, аз 2 декабри соли равон хабару гузориш ва матолибро оид ба «Шиносоӣ бо фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ, «Аз имтиёзҳо то омори ғалат», «Садое, ки дар дилҳо ошён дорад» ба нашр расонидааст.
Ҳамчунин хонандагон метавонанд дар ин шумора мақолаҳо таҳти унвони «Садоқат ба савганд», «Рӯ ба тамаддуни индустриалӣ», «Майдондор», «Қолинбофӣ аз манфиат холӣ нест» «Тарҷумон- роҳбалади корвон», «Ҷосус дар либоси сайёҳ» ва дигар маводро мутолиа намоянд.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






