«Сайёҳӣ пас аз пандемия ё чӣ тавр коронавирус сафарҳоро тағйир медиҳад» — шарҳи матбуоти даврӣ

Декабрь 3, 2020 14:52

ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат,  аз ҷумла ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз, ки тӯли ҳафта ба вуқӯъ пайвастаанд, нашр  гардидаанд.

 Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар шумораи №230 (24 085) душанбе, аз 30 ноябр мақолаҳоро таҳти унвони «Президент кафили сарҷамъӣ, таъмини субот ва ояндаи дурахшони кишвар», «Дар масири рушд бардошт аз шаҳри Турсунзода, ки саноати пешрафта дорад», «Сайёҳӣ пас аз пандемия ё чӣ тавр коронавирус сафарҳоро тайғир медиҳад» ба нашр расонидааст.

Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият», шумораи №231 (24 086) сешанбе, аз 1 декабр таҳти унвони «Сулҳу субот заминаи пешрафт (дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш)”  нашр шудааст, ки дар он муаллифи мақола муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид Комилбек аз суханронии Пешвои миллат чунин иқтибос овардааст: «Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёде рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ, радикализму  экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошанд».

Муаллиф зикр кардааст, ки дар ин вазъ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ҳамчунин дар ин шумора оид ба  бунёди азимтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ–НБО “Роғун”, “Риёкорӣ. Мардум ҳанӯз фоҷиаи миллиро фаромӯш накардааст”, “Сафи бонувони ҳунарманд афзудан дорад”,  “Сангвор бо вуҷуди коҳиши сироятёбӣ…”  ва дигар хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» №232 (24 087), чоршанбе, аз 2 декабр дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат. Вақте ки дили Роҳбар ҳамнавои Ватан метапад…”,  “Эҳёи Саразми бостон-эҳдои хиради Пешво” нашр шудаанд.

 «Садои мардум» рӯзи сешанбе, №145 (4251) аз 1 декабр дар шумораи навбатии хеш гузоришро аз Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводҳои дигарро таҳти унвони  “14 пойгоҳи обтаъминкунӣ барқарор гашт”, “Нақши Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккули СҲШ” ва Қонун  “Дар бораи сайёҳӣ”-ро ба нашр расонидааст.

«Народная газета» — нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабр, №50 (20280), дар саҳифаи аввалаш  маводи “Заседание Правительства  Республики Таджикистан», “«Народная газета» о народном Президенте”-ро чоп карда, инчунин “Память о Герое Таджикистана сохранится на века” ва “Визит Рустами Эмомали  в Москву придаст новый импульс многогранным отношениям между Таджикистаном и Россией” мавод нашр намудааст.

Нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ — «Минбари халқ» дар шумораи  49, чоршанбе, аз 2 декабри соли равон  хабару гузориш ва матолибро оид ба «Шиносоӣ бо фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ,  «Аз имтиёзҳо то омори ғалат», «Садое, ки дар дилҳо ошён дорад» ба нашр расонидааст.

Ҳамчунин хонандагон метавонанд дар ин шумора мақолаҳо таҳти унвони «Садоқат ба савганд», «Рӯ ба тамаддуни индустриалӣ», «Майдондор», «Қолинбофӣ аз манфиат холӣ нест» «Тарҷумон- роҳбалади корвон», «Ҷосус дар либоси сайёҳ» ва дигар  маводро мутолиа намоянд.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Декабрь 3, 2020 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд