«Саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» — таҳти ин унвон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиши парлумонии машваратӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иқдоми Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар баробари вакилони мардумӣ дар кори он роҳбарони вазорату кумитаҳои секторҳои иқтисодию саноатии мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аҳамияти рушди соҳаи саноатро дар мамлакат маънидод намуда, таъкид кард, ки «сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба пешниҳод ва қабули ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла масъалаи саноатикунонии босуръат ё худ индустриаликунонии мамлакат, яке аз асосҳои калидии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Зеро мо худ шоҳиди он ҳастем, ки амалигардонии се ҳадафи қабулгардида, ба раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор ба таъмини рушди иқтисодиёт, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, инчунин бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор заминаи басо бузург фароҳам овард».
Ҳамзамон Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Амонулло Хайрулло таъкид намуд, ки «мақсад аз баргузории чорабинии мазкур фароҳамоварии шароити мусоиди асосҳои ҳуқуқӣ бо вориднамоии тағйироту иловаҳо дар қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ва таҳияи қонунҳои мукаммали нав ҷиҳати таъмини рушди босуръату устувори саноати мамлакат мебошад».
Дар ҳамоиш Вазири саноат ва технологияҳои нав Кабир Шералӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ баромад намуда, роҳҳои тақвият бахшидан ба саноатикунонии мамлакат ва дурнамои барномаҳои амалишавандаро дар самти саноатикунонии босуръати кишвар шарҳу тафсир доданд.
Сипас миёни иштирокдорон музокираҳо сурат гирифта, номбурдагон ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфтанд.
Дар интиҳо муовини раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим баромад намуда, доир ба масъалаҳои мубрами саноатикунонӣ ва ҷиҳати татбиқи ҷанбаҳои қонунгузории соҳавии кишвар андешаронӣ намуд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон бо таклифу пешниҳодҳои вакилони мардумӣ тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуданд.








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






