«СЭК Памир» ва «Korean Smart Technology Association» бо имзои санади ҳамкорӣ лоиҳаҳои муштаракро татбиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе байни ширкати ватании «СЭК Памир» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки интизор меравад дар заминаи ин санади ҳамкорӣ ҷонибҳо бо ҷалби сармояи кореягӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, онро густариш диҳанд.
Баъди ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ байни ҷонибҳо мулоқоти судманд баргузор гардид.
Зимни он масъалаҳои марбут ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ матраҳ гардиданд.








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






