Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ иширок намуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули афкор карданд.
Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои густариши ҳамкории бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ИДМ дар заминаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки буҳрони кунунӣ боиси коҳиш ёфтани суръати тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва фаолияти соҳибкорӣ шуда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт таъсир расонид ва амнияти озуқавории кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро зери хатар гузошт.
Дар ин робита, аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Бо дарназардошти Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шудани шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод, ки пас аз беҳбуди вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ, Тоҷикистон ният дорад соли оянда як идда чорабиниҳоро бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳунар баргузор намояд.
Дар натиҷаи ҷаласаи вазирон 12 қарор ба имзо расид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






