Соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи дорусозӣ ва дорушиносӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/ Моҳи январи соли 2021 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи дорусозӣ ва дорушиносӣ таъсис дода мешавад. Доир ба таъсиси чунин пажӯҳишгоҳ имконияти молиявӣ ва кадрӣ мавҷуд аст. Аввалан омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва баъдан истеҳсоли маводи доруворӣ аз ин гиёҳҳои дармонбахши ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод. Ба зикри номбурда, дар мавриди омӯзиши гиёҳҳои шифобахш албатта мушкилот вуҷуд дорад. Дар ин самт гурӯҳӣ корӣ таъсис дода шудааст.
Ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор гуногунии биологӣ мавҷуд аст, вале аз ин шумора тақрибан хосиятҳои фармакологии 132 гиёҳ омӯхта шудааст ва боқимонда ба омӯзиш эҳтиёҷ дорад. Новобаста аз ин мо атласи гиёҳҳои шифобахшро омода кардем, ки дар бораи 132 гиёҳ ва хосиятҳои шифобахшии онҳо, дар кадом қисмати Тоҷикистон рӯидан ва кай ҷамъоварӣ шудани онҳо маълумот дода шудааст, ки он дар ибтидои соли 2021 ба дасти мутахассисон расонида мешавад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






