Соли равон ба Тоҷикистон аз ҳама зиёд Чин ва Ӯзбекистон кумаки башардӯстона расонидаанд
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 58 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 ҳазору 952 тонна ба маблағи 38 миллиону 212,3 ҳазор доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона расондаанд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар раддабандии расонидани кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ду кишвари ҳамҷавор -Чин бо 42,2 фоиз ва Ӯзбекистон 10,8 фоиз саҳми назаррас гузоштаанд.
Ҳамзамон дигар кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Туркия 10,3 фоиз, Ҳиндустон 8,2 фоиз, Россия 6,1 фоиз, Қазоқистон 4,9 фоиз, Дания 2,1 фоиз ва Нидерланд, Финляндия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Германия, Белгия, Полша ва Камбоҷа беш аз 1-фоизӣ ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона фиристонидаанд.
Кумакҳои башардӯстонае, ки соли равон аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон расонида шуданд, асосан аз дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, орди гандум ва дигар маҳсулоти тайёр, аз ҷумла либосворӣ иборатанд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд






